Ашурова Обода Абдукаримовна 14 декабри соли 1974 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Баъди хатми мактаби миёна, соли соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси суханшиносӣ (рӯзона) хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1994 ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ноҳия оғоз намуда, то соли 2015 давом додааст. Аз моҳи декабри соли 2015 то ҳозир дар вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолият мекунад.