Атласу адраси Суғд-2018

 963 боздид

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”  байни ҷавондухтарони ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.

Ба иттилои Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, мақсад аз баргузории фестивали “Атласу адраси Суғд-2018” ин рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби сарулибос аз матои табиии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, фарҳанги либосдӯзии аҷдодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ Муяссара Мавлонова муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд, Кенҷазода Манучеҳра директори Колеҷи омӯзгорӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт, тарроҳон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия  иштирок доштанд.

Дар чорабинӣ тарроҳон аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Понғоз, Меҳробод, Ошоба, Ашт, Пунук ва Ориён иштирок намуданд.

Бино ба иттилои масъулин бо мақсади боадолатона ва шаффоф баргузор кардани озмун, аз ҷониби ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ қаблан рақамгузорӣ карда шуда, ғолибон муайян карда шуданд.

Дар охир ғолибони озмун бо туҳфа ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивали “Атласу адраси Суғд-2018” аз 7 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 9 нафар тарроҳ бо 75 нафар довталаб  иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.