АЁДАТИ ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ДЕҲАИ ДАҲАНАИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

 67 боздид

Аёдати  камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо, яке аз самтҳои сиёсати  иҷтимоии Ҳумумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фаъолон ва вакилон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддию маданӣ карда мешавад.

Санаи 25.02.2026 сол Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шуҳрат Муҳаммадзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд Каримов Олимҷон ва Назарова Заррина, ки истиқоматкунандаи деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдон мебошад, бахшида ба моҳи шарифи Рамазон аёдат карда шуд.

Зимни аёдат Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шуҳрат Муҳаммадзода бо оилаҳои ниёзманд суҳбати озод анҷом дода, аз ҳолу аҳволи хонаводаашон пурсон шуданд ва онҳоро ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ва 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбошу таҳният гуфта баҳрашон саодати рӯзгорро таманно намуданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.