Аёдати Саврибону Муссоева аз тарафи Роҳбари МИҲД-и ноҳия

 665 боздид

Имрӯз, 30 августи соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт собиқадори меҳнат, яке аз занҳои барӯманди ноҳия, бонуе, ки барои пешрафти хоҷагии халқи ноҳия саҳми босазо гузоштааст, Саврибону Муссоеваро аёдат намуд.

Зимни аёдат Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вазъи саломатӣ ва зиндагии Саврибону Муссоева аз наздик ошно гардида, ба Норӣ Зоирова тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки Саврибону Муссоева соли 1920 дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон таваллуд шуда, қисми зиёди ҳаёти худро барои пешбурди хоҷагии халқи ноҳия сарф намудааст.

Мавриди зикр аст, ки Саврибону Муссоева яке аз занҳои дарозумри ноҳия ба шумор меравад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.