Нимаи дуюми имрӯз ба ду нафар собиқадорон аз Ҷамоти деҳоти Понғоз ва Ҷамоати деҳоти Шодоба туҳфаи и.в.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.
Туҳфаи раиси вилоятро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Раҳимзода Абдумавлон директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд тақдим намуданд.
Раҳимзода Абдумавлон дар баробари тақдими маводи яквақтаинаи ғизоӣ ҳамзамон табрики раиси вилоят 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саъми собиқадорон расонд.
Ёдовар мешавем, ки зимни таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Ашт собиқадорон ва шахсони ниёзманд аёдат карда мешаванд.