Аёдати собиқадорон

 613 боздид

Дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд.

Раиси ноҳияи Ашт ба хонаи чанд тан аз собиқадорон ташриф оварда, онҳоро ба ҷашни миллӣ табрик намуд ва саодати рӯзгор таманно кард.

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба аёдатшудагон маводи яквақтинаи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.