АЗ ҲОЛИ ФАРЗАНД БЕХАБАР НАМОНЕД!

 542 боздид

Имрӯз дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ашт бо ширкати муовини Раиси ноҳия А.Ҷалилӣ, муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Қодирӣ Ғолиб Нодир ва намояндаи он дар ноҳия Ғаффорзода Шакурҷон вохӯрӣ доир гардид.

Фаъолону сокинон, раисони маҳаллаҳо ва намояндагони касбу кори гуногун аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуда, бори дигар аз оқибатҳои нанговару паёмадҳои ғамовари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, сабабҳои гаравидани онҳо ба чунин ҳизбҳо огоҳ шуданд.

Қайд карда шуд, баҳри пешгирии ин амалҳои номатлуб саҳми падару модарон, омӯзгорон, пайвандон, ҳамсояҳо, хешу ақрабо ва билохир кулли ҷомеа зарур аст. Чун хиштҳои аввали зиндагии фарзандро падару модар мегузоранд ва бунёди бинои рӯзгори инсон баъдан дар муассисаҳои таълимӣ ва коргоҳу ҷомеа ҷараён мегирад, пас метавон хулоса кард, ки бани одам аъзои якдигаранд. Бидуни ҳамкорӣ, ҳамдардӣ, масъулиятшиносӣ ва билохир муносибати дуҷонибаву аз як гиребон сар баровардан наметавон ба мақсад расид.

Тарбияи наврасону ҷавонони имрӯза таваҷҷуҳи бештар талаб мекунад, чун дар замони имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хавфи терроризму экстремизм таҳдид мекунад.

—Аз ҳоли фарзанд бехабар намонед! Падару модар бояд донад, ки вақти холигии фарзандаш чӣ гуна сипарӣ мешавад, иштирокаш дар дарсҳо чӣ гуна аст. Баъди донишҷӯ шудани фарзандон баъзе волидон беаҳамият мешаванд, гумон мекунанд, ки дигар фарзанди онҳо калону мустақил аст, аммо ин амалу фикри хатост,—қайд гардид дар вохӯрӣ.

Қодирӣ Ғолиб Нодир зимни баромадаш ҳамчунин бо мисолҳои мушаххас амалҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои террористиро бозгӯ намуд.

Боиси зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур падару модароне, ки фарзандонашон дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранд, ширкат намуданд ва аз ҷониби Кодирӣ Ғ.Н. ба суолҳояшон посух ва ҳамчунин ҷиҳати баргардонидани фарзандон маслиҳату нишондодҳои манфиатбахш гирифтанд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.