БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ КӮМАКҲОИ ЯКВАҚТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ТАҚДИМ КАРДА ШУДАНД

 329 боздид

Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин солҳо беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла, аз ноҳияи Ашт 6784 нафар баҳри дифои Ватан мардонавор адои хизмат намудаанд.
Имрӯз дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни ҶБВ ва заҳматкашони ақибгоҳ қадр шуданд.
Ба нӯҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷамоатҳои деҳоти Понғоз (3 нафар), Пунук (2.н), Ашт (2 н.), Ориён (1 н.), Ифтихор (1 н) кӯмакпулии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 6000 сомонӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода (4000 сомонӣ) супорида шуданд. Ҳамчунин кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилоят ба 25 нафар заҳматкашони ақибгоҳ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Кӯмакпулиҳои Пешвои миллат аз ҷониби муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва кӯмакпулиҳои Раиси вилояти Суғд аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и вилоят Мирзоқосим Каримзода бо эҳтироми самимӣ ва бозгӯи беҳтарин таманниёт супорида шуданд.
Меҳмононро роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Ашт ҳамроҳӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.