Ба истифодаи додани хати оби нӯшокӣ дар Меҳробод

 440 боздид

28-уми сентябри соли равон сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт суръат гирифт.
Зимни сафари корӣ Раиси вилоят нахуст, хатти оби нӯшокиро дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия мавриди истифода қарор доданд. Зимни ба истифода додани хати оби нӯшокӣ Роҳбарияти вилоят бо сокинони ҷамоати деҳоти Меҳробод мулоқот ороста, сокинони ҷамоатро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гаштанашон табрику муборакбод намуданд. Роҳбарияти вилоят иброз доштанд, ки дастрасии аҳолии маҳаллии ҷамоати деҳоти Меҳробод минбаъд осон гашта, мушкилоти ҷой дошта бартараф хоҳад гашт.
Сокниони ҷамоати деҳоти Меҳробод ба Роҳбарияти вилоят арзи сипос карда гуфтанд, ки мушкилоти 40-50 солаи онҳо имрӯз бартараф гардид.
Хотирасон мекунем, ки хати оби нӯшокӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод бо харҷи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои 11 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани хати оби нӯшокии мазкур ҳудуди 75% аҳолии ҷамоати мазкур бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд.
Барои корҳои сохтмонии хати оби нӯшокӣ дар ҷамоати Меҳробод 3 миллион сомонӣ аз тарафи дафтари Шветсария дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, 1 миллиону 200 ҳазор сомон сокинони маҳаллӣ низ саҳм гузоштаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.