Байни хонандагон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир шуд

 962 боздид

Бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақша-чорабинии якҷояи шуъбаи маориф, Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия ва комиссириати ҳарбӣ дар МТМУ №2 таҳти унвони “Ҳомии Ватан” мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни хонандагон баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ, мушовири шуъбаи маориф Кимсанҷон Собиров, намояндаи сардори зершуъбаи даъват ба хизмати ҳарбии ноҳия  Рӯзимуҳаммад Абдуллоев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷамшед Насриддинов иштирок намуданд.

Дар мусобиқа аз 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, 10 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа ҷои аввал насиби  дастаи ҷамоати деҳоти Ашт гардид.  Дастаи ҷамоати шаҳраки Шайдон ҷои дуюм ва дастаи ҷамоти деҳоти Понғоз ба гирифтани ҷои сеюм ноил гардиданд.

-Мақсад аз баргузории мусобиқа оммавӣ гардонидани мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни ҷавонписарони то синни даъват ба хизмати ҳарбӣ, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, тарғиби даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани дастаи яккачини ноҳия аст гуфт,- Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия.

Дар охир иштирокдорон  бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  қадрдонӣ шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.