Баргузории чорабиниҳои Наврӯзӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия

 991 боздид

Дар ҳама ҷамоат ва маҳалҳои ноҳияи Ашт чорабиниҳои гуногуни фарҳангии Наврӯзӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Дар чорабинии Наврӯзии ҷамоати деҳоти Понғоз ва Шодоба муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода иштирок намуда, табрикоти Зариф Мирдадо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Аштро ба саъми сокинони ҷамоат расонид.

Дар ҷамоати деҳоти Понғоз зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили кандакорӣ, сабадбофӣ, гӯлдӯзӣ ва кашидадӯзӣ баргузор гардида, сокинон аз он дидан намуданд. Сокинони ҷамоат бо ҳафтсину ҳафтшин дастархони идона ороста, занону духтарон сари деги суманак дар васфи баҳор ва Наврӯз шеъру сурдхонӣ карданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ тақдими сокинон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.