Дар таърихи башарият Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз санаҳое мебошад, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи худро дар сарнавишти мардуми олам боз ҳам бештар аён гардонидааст ва барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар солҳои 1941-1945 фарзандони ба ору номуси тоҷику тоҷикистонӣ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми гитлерӣ диловарона муборизаи беамон бурда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд.
Аз рӯзи Ғалаба бар фашизм то ба имрӯз 80-сол сипарӣ гардид.
Мардуми Тоҷикистон тӯли 80 сол аст, ба хотираи корнамоиҳои аҷдодони худ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодии башар дар якҷоягӣ бо родмардони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд, ҷон нисор карданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини Ғалаба саҳмгузор гардиданд, сари таъзим фуруд меоранд ва эҳтирому арҷ мегузоранд.
Бо ин мақсад, баҳри гиромидошти ин санаи таърихӣ ва ёдоварии қаҳрамонони майдони набард дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти раёсати сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Муҳаммадзода Зафар ва собиқадори милитсия, раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи ноҳия, майори мустафъӣ Шарипов Саҳобидин баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати шахсии шуъба ва собиқадорони милитсия иштирок доштанд.
Дар маърӯзаи шодбошии худ сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ҳайати шахсӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро ба 80-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрику таҳният намуда, сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу намуданд. Зикр намуданд, ки санаи 9-май — санаи ёдоварӣ аз муборизаи қаҳрамононаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд, мебошад. Имрӯз сокинони Тоҷикистон бо шукронаи Ватани маҳбуб ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд ва дар кишвар сулҳу субот пойдор аст. Ҳимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда вазифаи муқаддас мебошад. Илова намуданд, ки мо вазифадорем, ки фарзандони худ – наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, бо ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ ба камол расонем.
Баъдан, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Муҳаммадзода Зафар ба сухан баромада, кулли ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва собиқадорони шуъбаро аз номи Раиси ноҳияи Ашт, муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия табрику таҳният намуданд.
Собиқадори милитсия, раиси Шӯрои собиқадорони милитсияи ноҳия, майори мустафъӣ Шарипов Саҳобидин ба сухан баромада, ҳамаи ҳозирин ва собиқадоронро ба ин санаи таърихӣ муборакбод гуфтанд.
Дар фарҷом, тӯҳфаҳои хотиравии идона аз номи сардори шуъба ба як қатор собиқадорони милитсияи ноҳия дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бо назари гиромидошти меҳнатҳои фидокорона дар ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, собиқадори ақибгоҳи ҷанг, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Хиштхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз, модари 105-сола Аҳмадалиева Хуршедмо аз ҷониби сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой дар якҷоягии ташрифи ҳамроҳон аёдат карда шуда, кӯмакҳои моддӣ –маънавӣ расонида шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ