БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АШТ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)

 249 боздид
Санаи 17-сентябри соли ҷорӣ, соати 9-00 дар толори маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт (даъвати ҳафтум) баргузор гардид.
Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ба баррасии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуданд:
1. Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Ашт.
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа ва хоҷагии рифоӣ.
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Шахак №12 Бекматов Насибалӣ Ҳокимҷонович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш.
4. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ.
5. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Нахуст, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода барои ташриф ба ноҳияи Ашт ва иштирок дар иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохонро аз номи вакилон ва фаъолону сокинони ноҳия хайрамақдам гуфт.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Ашт муовини Раиси ноҳия Муҳиддинзода Бурҳонидин маърӯза намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа ва хоҷагии рифоӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №5 Каримзода Хушнуд Каримӣ ва аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Шахак №12 Бекматов Насибалӣ Ҳокимҷонович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ суханронӣ намуд.
Масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис тасдиқи 20-адад қарорҳои Раиси ноҳияро, ки дар давраи ҳисобӣ барои гузаронидани чорабиниҳои самти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ва ғайра маблағгузорӣ гардида буданд, дарбар гирифта, он баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои бузурги миллат дар замони соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва гиромидошти муқаддасотҳо, тақвияти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, самаранокии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва дигар масъалаҳои марбут суханронӣ намуд.
Кори иҷлосияро Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда, дар ҷараёни он баҳри иҷрои саривақтии вазифаҳои минбаъда, алалахусус, ба иҷрои саривақтӣ ва пурраву барзиёди даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар моҳи сентябр, дар маҷмӯъ дар 9-моҳи соли ҷорӣ, корбарии ҳамаҷониба ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба иҷро расонидани нақшаи гусели ҷавонписарони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат додани рафти корҳои саҳроӣ, алалхусус ҷамъоварии ҳосили пахта, сафарбаркунии муташаккилона, алалхусус саҳмдорону аъзоёни хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ, чинакчиёну ҳашарчиён, бригадаҳои зарбдори меҳнатӣ, иҷрои пурраву барзиёди дурнамои ҳамаи намуди зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус ғалладона, картошка, сабзавот ва пахта, ба маълумотҳои оморӣ ворид намудани ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ, ҷоннок намудани фаъолият дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ ва коррупсия, аҳамияти зарурӣ додан ба дониш ва хониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои марбут дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) кори худро анҷом намуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.