БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ КОРБАРӢ ДАР ПЕШБУРДИ САМТҲОИ МУХТАЛИФИ  ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

 283 боздид

Имрӯз, санаи 22-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозироти андоз, комиссариати ҳарбии ноҳия, раёсати омор, мутахассисони пешбар оид ба  кишоварзии ҷамоатҳо, воҳидҳои сохтории соҳаи комплекси агросаноатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, ходимони дин ва дигар сохторҳои соҳавии марбута иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода доир ба масъалаҳои рафти корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ҷамъиятиву деҳқонӣ, иштироки чинакчиёну ҳашарчиён ва масъалаҳои дигари соҳаи кишоварзӣ, воридоти даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, иҷрои пурраву барзиёди нақшаи моҳона ва 9-моҳаи соли 2025, омодагии ҳамаҷониба ва саривақту пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбии ҷавонписарони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва дигар масъалаҳои марбута иттилоъ доданд.

Бо пурсиш аз масъулони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории соҳаи комплекси агросаноатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораи омори ноҳия, ҳамзамон сохторҳои соҳавии кор бо занон, ҷавонон, соҳаи маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва корхонаву ташкилотҳо, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо тариқи муташаккилона ва сарҷамъӣ дар мӯҳлати пешбининамудаи Раиси вилояти Суғд дурнамои истеҳсоли пахтаро ба қадри 13851,0 тонна ва ӯҳдадориро ба қадри 15840,0 тонна ба иҷро расонем. Бо ин тадбир, сафарбаркунии ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкил ва сафарбаркунии бригадаҳои зарбдор аз ҳисоби занону бонувон, ҷавонон, хонашинон, сокинони ноҳияро бо дарназардошти обу ҳавои мусоид саривақтӣ ва зарур дониста, супоришҳо дода шуд.Дар доираи ин масъалаҳо, баҳри иҷрои пурраву барзиёди дурнамои ҳамаи намуди зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус ғалладона, картошка, сабзавот ва пахта, ба маълумотҳои оморӣ ворид намудани ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ  ва дигар масъалаҳои марбут дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, масъулони соҳаро доир ба иҷрои саривақтӣ ва пурраву барзиёди даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар моҳи сентябр, дар умум 9-моҳаи соли ҷорӣ, корбарии ҳамаҷониба ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба иҷро расонидани нақшаи гусели ҷавонписарони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои давраӣ ва дигар чорабиниҳои самти ташкилӣ ҳидоят ва сафарбар намуда, таҳти назорату корбарӣ қарор дода шуд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.