БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

 219 боздид
Имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозироти андози ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулони соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғайра иштирок доштанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои рафти обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, вазъи иҷрои нақшаву даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар моҳи декабр ва ҷамъбасти босифати солона ва дигар масъалаҳои ташкилии кор матраҳ гардиданд.
Доир ба масъалаҳои рафти иҷрои нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ муовини Раиси ноҳия (сарпарасти соҳа) Аниса Ҷалилӣ; оид ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар моҳи декабр ва ҷамъбасти босифати солона муовини Раиси ноҳия (сарпарасти соҳа) Маҳмудзода Ҷамшед ва сардори нозироти андози ноҳия Ҳасанов Асириддин гузоришу ҳисобот доданд.
Дар робита ба ҳолати иҷрои масъалаҳои болозикр Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аз сарпарастони соҳа, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо пурсиш намуда, ҷиҳати иҷрои сариввақтӣ масъулонро муваззаф намуданд. Ҳамзамон, диққати масъулони соҳа, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳоро дар тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, коррупсия, пешгирии хушунат дар оила, танзими ҷашну маросим, корбарӣ дар самти пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва тарғиби сару либоси анъанавии миллӣ, назорати истифода ва сарфакоронаи қувваи барқ, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии он, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрам бо истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо ва саривақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол равона намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.