Имрӯз, санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзии ҷамоатҳо, масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, нозироти андоз, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист, масъулони кумитаи идораи замини ноҳия ва КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия ва сохторҳои соҳавии марбута, ташкилоту корхонаҳо ва ғайра иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазифагузориҳо ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар фаъолият ва нишондиҳандаҳои кориву истеҳсолӣ дар як қатор соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи ноҳияи Ашт, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд дар маҷлиси машваратии қаблӣ баён гардида буд, ҳамзамон омодагиҳо ба таҷлили арзандаи ҷашни 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, мавриди корбарӣ ва иҷро қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ ба масъулон доир ба иҷрои босифат ва пурраву барзиёди даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, омодагии ҳамаҷониба барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, кам кардани талафоти барқ ва пардохти саривақтии истифодаи қувваи барқ аз тарафи корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ, иҷрои саривақтии нақшаи гусели ҷавонписарони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта дар мавсими имсолаи руёнидашуда, ҳарчи зудтар гузаронидани дефолятсия (баргрезонӣ) дар майдонҳои пахтаи хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ, омодагии бошишгоҳҳои саҳроӣ барои қабули ёрдамчиёну ҳашарчиён, дастгирии маорифчиён дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, ворид намудани пурраи ҳисоботҳо ба идораи омори ноҳия (кишти такрорӣ ва ҳама намуди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ), тақвияти кори ситоди “Обуна- 2026” ва иҷрои нақшаи обунашавӣ ба нашрияву рӯзномаҳои даврӣ, омодагии ҳамаҷониба баҳри хотирмон баргузории ҷашни 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлол, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ таҷлили ин ҷашни муқаддаси давлатӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, пайваста ташкили шанбегиҳо (ҳашарҳои дастҷамъона), тозагии муҳит ва беҳдошти экологӣ, санитарӣ, кабудизоркунию сабзкориҳо, интизоми меҳнат дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, кор бо кадрҳо, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва шуғл, вусъати корбариҳо дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, коррупсия, пешгирии хушунат дар оила, танзими ҷашну маросим, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбия, пешгирии монегӣ ба таълиму таҳсил, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, корбарӣ дар самти пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигари масъалаҳои мубрам, ба масъулони соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои соҳавии комплекси агросаноатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ғайраҳои марбута дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ НОҲИЯИ АШТ