БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

 177 боздид

Санаи 27-уми октябр дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор  гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, нозирони бақайдгирии мизҳои ҳарбӣ ва мутахассисони пешбари кишоварзии ҷамоатҳо, масъулони соҳаи маориф, тандурустӣ, ходимони дин ва ғайра иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зеринро дарбар гирифт:

  1. Рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ
  2. Иҷрои нақшаву пурраву барзиёди даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар моҳи октябр, ҷамъбасти босифати 10-моҳа
  3. Рафти ҷамъоварии пахта, вазъи сафарбаркунии қувваҳои меҳнатӣ ва иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта, дигар масъалаҳо марбут ба соҳаи кишоварзӣ

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи корӣ раиси комиссияи даъватии ноҳия Ҷалилӣ Аниса, масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаи корӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласаи корӣ сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Усмонов Бахтиёр гузориш доданд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар алоҳидагӣ баъди ба охир расидани гузориши ҳисоботҳои соҳавӣ аз ҷониби сарпарастони соҳа пурсиш ба  амал бароварда, вазифагузорӣ намуданд.

Диққати фаъолони ноҳияро ба тақвият бахшидани фаъолияти кориву соҳавӣ, риояи интизоми меҳнат, самарабахшӣ дар фаъолияти касбӣ, мусоидат дар маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ анҷом додани ин маърака бо иҷрои нақша, иҷрои нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, иштироки фаъолонаи ҷомеаҳои меҳнатӣ, саҳмдорону аъзоёни хоҷагӣ дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта, чиниши рӯзафзун ва бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тезтар то пағаи охирин ҷамъоварии пахта, назорати истифода ва сарфакоронаи қувваи барқ ва пардохти саривақтӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пайваста ташкили шанбегиҳо (ҳашарҳои дастҷамъона), тозагии муҳит ва беҳдошти экологӣ, санитарӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурра намудани норасоии кадрҳо дар соҳаҳо, вусъати корбариҳо дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, коррупсия, пешгирии хушунат дар оила, танзими ҷашну маросим, корбарӣ дар самти пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигар масъалаҳои мубрам бо истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо ва саривақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол равона намуданд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.