БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

 197 боздид

Имрӯз, соати 10-30 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаи корӣ баргузор  гардид.

Дар ҷаласа 0муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарият ва кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ва ғайра иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ба анҷом додани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои пурраву барзиёди нақшаи даромадҳои андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар моҳи ноябр ва ҷамъбасти босифат дар давоми 11-моҳи соли равон, сафарбаркунии қувваҳои меҳнатӣ ҷиҳати то пағаи охирин ҷамъоварӣ намудан иҳосили пахта, рафти обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои давриро дарбар гирифт. Доир ба масъалаҳои сарпарастони соҳа ва масъулон гузориш доданд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар алоҳидагӣ баъди ба охир расидани гузоришҳо аз сарпарастони соҳа, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ғайра пурсиш ба  амал бароварда, вазифагузорӣ намуданд.

Вобаста ба тақвияти корҳо дар тамоми самтҳои масъалаҳои болозикр ва таъмини фаъолияти пурсамар намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ҷиҳати корбарӣ ва иҷро ба самъи ҳозирин расониданд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.