Санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзии ҷамоатҳо, масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, нозироти андоз, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист, масъулони кумитаи идораи замини ноҳия ва КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия ва сохторҳои соҳавии марбута, ташкилоту корхонаҳо ва ғайра иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сафари кориашон ба ноҳия санаи 25-уми апрели соли равон иброз намуда, рафти корбарӣ ва натиҷаҳо аз супоришҳои ҷаласаи санаи 21-уми апрел пурсишҳо ба амал оварданд.
Дар баробари ин масъалаҳо оид ба саривақт омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ, назорати рафти корҳои босифати сохтмонӣ, бунёди коргоҳҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, саривақт ва дар мӯҳлатҳои оптималӣ анҷом додани кишти пунбадона бо истифода аз тухмии навъҳои серҳосил, иҷрои нақшаи кишти картошка, сабзавот ва ворид намудани маълумоти дақиқ ба ҳисоботи оморӣ, ченаки ҳаррӯзаи кишт аз ҷониби кормандони кумитаи идораи замин, фаъолияти босамари ситодҳои корӣ, фаъолияти мураттаби кори пойгоҳҳои обкашӣ, пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифодаи обрасонӣ, самаранок обёрии заминҳои боғу токзор ва таъмини оби полезӣ, таъмини пурраву барзиёди даромаду пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар моҳи апрел, интизоми молиявӣ, пайваста ташкили шанбегиҳо (ҳашарҳои дастҷамъона), тозагии муҳит ва беҳдошти экологӣ, санитарӣ, кабудизоркунию сабзкориҳо, интизоми меҳнат дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, кор бо кадрҳо, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва шуғл, таълиму таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, вусъати корбариҳо дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, коррупсия, пешгирии хушунат дар оила, танзими ҷашну маросим, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбия, пешгирии монегӣ ба таълиму таҳсил, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, корбарӣ дар самти пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигари масъалаҳои мубрам, ба масъулони соҳавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои соҳавии комплекси агросаноатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ғайраҳои марбута дастуру вазифагузорӣ ва супоришҳои мушаххас доданд.