БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ  МАШВАРАТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 43 боздид

Имрӯз, соати 09-00 саҳарӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.

Рӯзномаи маҷлиси машваратӣ 4 масъаларо дарбар гирифт:

  1. Оид ба рафти нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Иҷрои босифат ва пурраву барзиёди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар моҳи март, таҳлилу арзъёбии иҷрои нақша дар моҳи феврал.
  3. Вусъати корҳои саҳроӣ ва гузаронидани амалияи чорабиниҳои агротехникӣ дар заминҳои кишт ва боғу токзор
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

 

Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзии ҷамоатҳо, масъулони раёсати кишоварзии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, комиссари ҳарбии ноҳия, роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ, нозироти андоз, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист, масъулони кумитаи идораи замин,  КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия, ходимони дин ва дигар сохторҳои соҳавии марбута иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис оид ба масъалаҳои болозикр гузоришҳои масъулон – Ҷалилӣ А.А., Мамадзода А.К., Маҳмудзода Ҷ.А., Ҳасанов А.Ф.,  Мирдадо З.М., Усмонов Б.Т.  шунида шуда, рафти корбарӣ мавриди муҳокима ва пурсиш қарор дода шуда, ба масъулин дастуру вазифагузорӣ намуданд.

Дар баробари ин масъалаҳо оид рафти иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ аз мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт ва Прокурори ноҳияи Ашт оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи фаъолияти соҳавӣ, пурра намудани ҷойҳои холии корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, таъмини интизоми меҳнат, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ҷашни Рӯзи Модар, Иди Наврӯзи байналмилал, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти пурраи ҳамаи нишондодҳои истеҳсолӣ ба оморӣ, пешгирӣ аз худсарона ишғоли заминҳо ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тақвияти фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ дар ин самт, омода намудани пойгоҳу дастгоҳҳои обкашӣ, аз лойқа тоза намудани ҳавзҳои обгирӣ дар истгоҳҳои обкашӣ, корбарӣ дар самти кам кардани талафоти неруи барқ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифатноки аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва донишу хониши хонандагон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмин бо ҷойи корӣ ва бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди ҳунармандию косибӣ; пайваста ташкили шанбегиҳо (ҳашарҳои дастҷамъона), тозагии муҳит ва беҳдошти экологӣ, санитарӣ, ниҳолу дарахтшинонӣ, кабудизоркунию сабзкориҳо, вусъати корбариҳо дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, коррупсия, пешгирии хушунат дар оила, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, хизматрасони  босифати тиббӣ ба аҳолӣ ва муроҷиати самимона бо беморону пайвандони онҳо, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, корбарӣ дар самти пешгирӣ аз пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона ва дигари масъалаҳои мубрам матраҳ гардиданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.