Чӣ тавре иттилоъ дода будем, дар ноҳияи Ашт ба рушду равнақи соҳа ва намудҳои мухталифи варзиш аҳамияти хоса зоҳир карда шуда, аз инҳо гӯштини тарзи озод махсус қайд карда мешавад, ки дар байни варзишгарон ва мухлисону дӯстдорон маҳбубияти худро дошта, дар риштаи ин намуди варзиш бо дастпарварони маъруф ва ғолибони чемпионатҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷа ба хубӣ мешиносанд ва эътироф доранд.
Маъмулан, пайдоиши гӯштин, аз ҷумлаи он гӯштини тарзи озод таърихи қадима дорад.
Маврид ба зикр аст, ки санаҳои 16 – 17 августи соли ҷорӣ дар толори варзишии муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳия, воқеъ дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони варзишгари солҳои таваллудашон 2010-2012 (U-15) барои даръёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт баргузор карда шуд. Мусобиқа тибқи талабот ва қоидаҳои пешбининамудаи Федератсияи байналмилалии гӯштин (UWW) роҳандозӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки роҳандозӣ гардидани чунин мусобиқаҳо бевосита таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода қарор дошта, моҳиятан барои тарғиб ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, ривоҷу равнақ додани намуди гӯштини тарзи озод ва даръёфти чеҳраҳои нави муваффақ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ арзъёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ 220 нафар варзишгарон байни ҳам қувва озмуданд, ки дар ин мусобиқа наврасони варзишгари шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом , Гулистон ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Истаравшан низ барои даръёфти ҷойҳои ифтихории Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт талош варзиданд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода нахуст ба мусобиқа ҳусни оғоз бахшида, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, тамоми мардуми ноҳияи Ашт ва варзишгарони ноҳия меҳмонон ва иштирокдорони мусобиқаро шодбош гуфта, аз мақсад ва ҳадафҳои баргузории чунин мусобиқаҳои кушоди ноҳиявӣ ибрози назар намуда, ба онҳо барои ноил гаштан ба ҷойҳои ифтихорӣ барору комъёбиҳо таманно намуданд.
Дар ин ҷамъомади ҳусни оғози мусобиқа Раиси ноҳияро муовинони Раиси ноҳияи Ашт, як қатор роҳбарони мақомотҳои қудратӣ ва низомии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва масъулони соҳа ҳамроҳӣ намуда, бевосита дар ҷараёни қувваозмоии наврасони варзишгар ширкат варзиданд.
Мусобиқа давоми ду рӯз бо қувваозмоии варзишгарони наврас ва мухлисии дӯстдорони теъдоди зиёди ин намуди варзиш гузашта, ба ғолибон Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Ашт дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ