Баргузории мусобиқаи шоҳмот дар ноҳияи Ашт

 817 боздид

15 апрел дар толори Мактаби варзишии №1-и ноҳия бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба шоҳмот гузаронида шуд, ки дар он калонсолон, ҷавонон ва бонувон иштирок намуданд.

Тавре аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани қобилияти фикрии варзишгарон, омода намудани онҳо ба мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, рушди мусобиқаи шоҳмот ва муайян намудани дастаи беҳтарини ноҳия мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия 10 дастаи варзишгарон фаъолона иштирок намуданд.

Дар охир ба дастаҳои ғолиб тӯҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия тақдим карда шуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.