БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 32-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 64 боздид
Варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҳаёти ҳар як инсон, пиру барно, хурду калон ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дошта, албатта дарозумрии инсон аз нигоҳи илми тиб, табибон ва худи шаҳрвандон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо машғул шудан ба варзиш, вобастагии калон дорад.
Варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа рукни муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, омили солимии миллат аст ва ҳамчун қосиди сулҳу амонӣ, василаи беҳтарини пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва саломатии бардавоми насли ояндасози давлату миллат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон, тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд ва баён намуданд, ки “Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.
Қайд кардан зарур аст, ки ба ин мақсад силсила чорабиниҳои варзишӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил ва гузаронида шуда истодааст.
Санаҳои 22-23 феврали соли ҷорӣ бахшида ба 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусобиқаи ноҳиявӣ аз рӯи намуди волейбол дар деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба баргузор гардид, ки дар он 12 дастаҳо иборат аз маҷмӯӣ 168 варзишгар аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок ва бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Давоми 2-рӯз деҳа ба як муҳити идона табдил гашта, беш аз 10-ҳазор нафар мухлису тамошобинон, ки дар байни онҳо низ занону бонувон буданд, ширкат доштанд. Ҳамзамон, дар он собиқадорони соҳаи намуди волейбол Искандар Ҳомидов, Раҳимҷон Муъминов, Анвар Насриддинов, Абдураҳат Алибоев иштироку пайгирӣ намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба кушодашавии мусобиқа ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кулли сокинон ба 32-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, баргузории мусобиқаро аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, оромиву осудагӣ ва сарҷамъии мардум дар паҳлӯи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзъёбӣ намуд ва аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024сол) ба самъи ҳозирин расонид: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.”
Дар суханронии худ Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода қайд карданд, ки мо ҳамагон шукронаи ҳамин давлати маҳбуб ва Сарвари давлат кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ, хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем, аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову ифротӣ пешгирии намоем, пеши роҳи ҷинояту ҷинояткориро гирем, масъулияти падару модарро дар назди фарзанд ва таълиму тарбияи онҳо баланд бардорем, фарзандонро ба адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасу қарзи аввалиндараҷа сафарбар намоем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем.
Дар фарҷоми суханронӣ ба дастаҳои яккачин ба шарафёбии ҷойҳои намоён барору муваффақият орзу намуданд.
Ба шараф гаштан ба ҷойи якум ва дуюм нақлиёти сабукрави истеҳсоли хориҷии навъи “МЕРСЕДЕС” ва сеюм чорвои майдаи шохдори ҳисорӣ пешбинӣ карда шуд.
Дар натиҷа аз мобайни 12-дастаҳо, дастаи деҳаи Пунуки Ҷамоати деҳоти Пунук — ҷойи якум, деҳаи Ошобаи Ҷамоати деҳоти Ошоба — ҷойи дуюм ва деҳаи Шивари Ҷамоати деҳоти Ошоба — ҷойи сеюмро соҳиб гашт.
Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳамаи дастаҳои яккачини шарафъёбро табрику муборак намуда, ҷоизаҳоро ба дастаҳо супориданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.