БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ДАР ДАВОМИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

 317 боздид

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар заминаи таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04-уми марти соли 2005, таҳти №АП-1677 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10-уми июли соли 2025 нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 10 воситаҳои ахбори омма аз радио ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, аз ҷумлаи  рӯзномаҳои “Тоҷикистон”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Рисқофарин”, “Саломат бошед”, “Азия – плюс”, “Шӯҳрати Ашт”, маҷаллаҳои “Даво”, “Паёми Суғд”, радиоҳои “Пайванд”, “Озодӣ”, “Диёр — Суғд”  ширкат доштанд.

Дар ибтидо, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо тариқи фишурда оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвари  азизамон аҳлона меҳнат намуда, дар давраи ҳисобии соли ҷорӣ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин росто, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, аксари  нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди бемайлони иҷтимоӣ – иқтисодӣ таъмин карда шуданд.

Баъдан, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба ҷараёни рафти таъмири роҳи “Хуҷанд – Ашт”, вазъи соҳаи саноат, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ ва полизӣ, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи дуру наздик ва дигар масъалаҳои мубрами мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия посухи мушаххас доданд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.