Баргузории озмуни «Сайри гули лола» дар ноҳияи Ашт

 404 боздид

Санаи 19 марти соли 2021 дар назди бинои Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов даври ноҳиявии озмуни “Сайри гули лола” баргузор гардид ва намояндагони 8 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, шуъбаи маориф, маркази саломатӣ ва бахши фарҳангӣ ноҳия бо пешниҳоди маводҳои озмунии худ иштирок намуданд.
Дар асоси қарори комиссияи баҳодиҳии озмуни ноҳиявӣ ғолибони озмуни ноҳиявии “Сайри гули лола” ба тариқи зайл муайян карда шуданд:
— дар номинатсияи “Ороиши беҳтарин” – шуъбаи маорифи ноҳия;
— дар номинатсияи “Гулдастаи беҳтарин” – Ҷамоати деҳоти Понғоз;
— дар номинатсияи “Икебанаи беҳтарин” – Ҷамоати деҳоти Ориён;
— дар номинатсияи “Рассоми беҳтарин” – мактаби рассомии ноҳия;
— дар номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин” – Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и ноҳия.
Дар ҷараёни ҷамъбасти озмуни ноҳиявии “Сайри гули лола” Раиси ноҳия Зариф Мирдадо баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни озмун ва тамошобинонро бори дигар бо фарорасии Иди баҳор – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, барои иштироки фаъолона дар ташкилу баргузории озмуни ноҳиявии “Сайри гули лола” изҳори миннатдорӣ намуд.
Сипас аз ҷониби Раиси ноҳия ба ғолибони даври ноҳиявии озмун Диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.