Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳия

 922 боздид

Дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия барқароркунии оқибатҳои офати табиии рӯзҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва МИҲД-и ноҳияи Ашт идома дорад.

Аз ситода ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия хабар доданд, ки  дар ҷамоати деҳоти Понғоз 350 метр, ҷамоати шаҳраки Шайдон 38 метр ва дар ҷамоати Ифтихор 700 метр селроҳаҳо безарар гардонида шуданд. Ҳамзамон дар ҷамоати Понғоз зиёда аз 1500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза  карда шуда, 9 адад кӯпруки маҳаллӣ бо қувваи сокинони ҷамоат барқарор гардид. Дар ҷамоати шаҳраки Шайдон 100 метр ва дар ҷамоати деҳоти Пунук низ зиёда аз 500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуд.

Хотирасон менамоем, ки бар асари боришоти рӯзҳои охир сатҳи оби сойҳои ҳудуди ноҳияи Ашт баланд гардида, қисман роҳ ва кӯпрукҳои маҳаллии ҷамоати деҳоти Пунук ва Понғозро вайрон  намуда буд.

Мустаҳкам намудани селроҳаҳо дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт, Пунук, Ифтихор ва Шайдон идома дорад.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.