Бинои МТМУ №25 аз нав бунёд мешавад

 1 161 боздид

Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим ба ноҳия ташриф оварда, ҳамроҳ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25 ва №55-и ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуданд.
Зимни сафари корӣ масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бино, шароити таҳсил ва  синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти Ашт  боздид ба амал оварданд.
Ёдовар мешавем, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 соли 2016 дар натиҷаи омадани сел зарар дида, баъзе қисмҳои он дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Соли ҷорӣ дар назар аст, ки бинои муассисаи мазкур аз нав бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирад.
Ҳамзамон, соли равон бунёди бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия низ дар назар дошта шудааст.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.