Бинои нозироти андоз ба истифода дода шуд

 2 058 боздид

Дар арафаи соли нави мелодӣ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд Бахтиёр Султон, сардори нозироти андоз дар ноҳия Ҳамзализода Файзалӣ бинои нозироти андоз мавриди истифода қарор гирифт.

Сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Бахтиёр Султон дар борамди хеш гуфт, ки вазифаи ҳаммаи мо дар се чиз аст, ин қисми даромади буҷаро ғанӣ гардонида, саривақт маош ва нафақаро расонидан, обрӯю нуфузи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштан аст. Барои ин мо бояд якҷоя фаъолият намуда, якҷоя барои дарёфти  манбаъҳои нав, сарчашмаҳои нав саҳмгузор бошем.

Дар идомаи баромадаш номбурда зикр кард: “Аз фурсат истифода бурда, барои сохтмончиёни бино дар таъмиру аз навсозии ин бино саҳм гузоштаанд миннатдории худро мерасонам”.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирӣ ва таъмиру азнавсозии бинои нозироти андоз ба раиси Кумитаи андози  назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонДавлатзода Нусратулло Муқим ва сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд Бахтиёр Султон сипосномаи МИҲД-и ноҳияро тақдим намуд.

Сардори нозироти андоз дар ноҳия Ҳамзализода Файзалӣ миннатдори худ ва аҳли кормандони нозироти андозро ба Раиси Кумитаи андоз ва Раёсати андоз расонида ваъда дод то нақшаи солонаи андозро барзиёд иҷро менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки бинои нозироти андозро корхонаи сохтмонии ҶДММ “СОХТМОН”-и ноҳияи Мастчоҳ дар муддати 4 моҳ  бо маблағи зиёда 500 ҳазори сомонӣ таъмир ва мавриди истифода қарор дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.