Бинои ошхонаи гимназияи №6 таъмир гардид

 890 боздид

Бинои ошхонаи гимназияи №6-и ҷамоати деҳоти Ошоба бо кӯмак ва дастгирии волидон таъмир гардида, мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифт.

Аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, ки барои таъмири бинои ошхонаи гимназияи №6 28 ҳазор сомон ва барои харидории мизу курсӣ 2 ҳазор сомон маблағ масраф шудааст.

Дар гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо маводи хӯрокаи яквақтаинаи ҳамарӯза таъмин мебошанд. Дар барораби ин барои таъмир кардани бинои ошхонаи муссисаҳои таълимӣ саҳми волидон назаррас мебошад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.