7 апрел Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия бо занону духтароне, ки дар курсҳои касбомӯзии дӯзандагӣ ва компютерӣ таҳсил доранд, мулоқот доир кард.
Обода Каримӣ зимни мулоқот қайд кард, ки имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои дастӣ рушд карда истодааст. Дар ноҳия мунтазам ба ҷавондухтарон ва бонувон ҳунари атласу адрасбофӣ, алочабофӣ ва қолибофӣ омӯзонида мешавад.
Ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ 14 нафар эҳтиёҷмандон аз оилаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуд ҷалб карда шудаанд.
Сайидои ШОДӢ