БОРИ АВВАЛ ОВОЗ ДОДАМ

 467 боздид

—Имрӯз ман бори аввал овоз додам,—гуфт Дилноза Тошматова, ки дар участкаи интихоботии “Маҳмудҷон Воҳидов”, рақами 3 овоз дод.  –Аввалан бо барномаҳои  пешазинтихоботии номзадҳо ошно шудам ва баъд тасмимамро гирифтам.  Эътимод дорам, дар интихоби номзад иштибоҳ накардам.

Дилноза дар шуъбаи ғоибонаи факултети математикаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил дорад ва ҳамзамон дар МТМУ №2 ба ҳайси омӯзгори фанни информатика фаъолият менамояд.

Сокини дигари шаҳраки Шайдон Муҳаммадҷон Анорқулов низ бори аввал дар интихобот ширкат намуд.

—23-сола ҳастам—гуфт ӯ. –Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷандро хатм карда, соҳиби ихтисоси муҳосиб гаштам.  Интихобот дар хотирам нақш мебандад, чун бароям китоби “Девони Ҳофиз”-ро ҳадя карданд.

Мақсадашро аз иштирок  дар интихобот саҳм гузоштан дар рушди диёраш арзёбӣ намуд М.Анорқулов.

Чӣ тавре котиби комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботӣ Ашт №17 Назокат Маҳкамова гуфт, имрӯз ба чор нафар ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот ширкат намуданд, китоби “Девони Ҳофиз”-ро ҳадя намудем.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.