Дар доираи шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Ашт имрӯз 9 январ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ва раиси ноҳияи Ашт аз дидбонгоҳи сарҳадии навбунёди ҷамоати деҳоти Пунук дидан карданд.
Зимни боздид аз дидбонгоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Пунук масъулин бо шароити сарбозони ин қисми низомӣ ошно гаштанд.
Таъкид гардид, ки дар кишвар бунёди дидбонгоҳҳои сарҳадии навбунёд ба шарту шароити замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Гуруҳи корӣ иброз доштанд, ки амну суботи ҷомеаро родмардони Ватан сарбозони далеру шуҷоъ таъмин мекунанд, аз ин хотир аз сарбозон даъват ба амал оварда шуд то содиқона адои хизмат намоянд.