Боздид аз гармхонаи ҷамоати деҳоти Пунук

 1 466 боздид

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Пунук аз гармхонаи ҷамоат дидан карда, як чойхонаи замонавиро низ ба истифода дод.

Раиси ноҳия аз вазъи ду гармхонаи ҷамоати деҳоти Пунук воқиф гардид. Дар ин гармхонаҳо помидор ва бодринг парвариш карда мешавад. Дар назар аст, ки моҳи оянда маҳсулоти гармхонаҳо ба бозор бароварда шаванд.

Дар ин рӯз роҳбарияти ноҳия дар маркази ҷамоат як чойхонаи наву замонавиро мавриди истифода қарор дод. Ин чойхона аз тарафи соҳибкори маҳаллии Пунук сохта шудааст.  Дар баробари мавриди истифода қарор додани чойхона ба сарбозони қисми ҳарбии ҷамоати Пунук дастархони идона ороста шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.