БОЗДИД АЗ РАФТИ ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ НАВИ ОБЪЁРИИ ЗАМИНҲОИ КИШТ.

 205 боздид

Рушди соҳаҳои ташаккулдиҳандаи иқтисодиёти ноҳия асосан аз соҳаи кишоварзӣ замина гирифта, 70 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ рост меояд.

Дар ноҳия аз ҳолати системаи обтаъминкунӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ алоқамандии  зич дошта, 93 фоизи заминҳои обии ноҳия тавассути системаи мошинӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд ва барои пурра фаро гирифтани майдонҳои кишти зироатҳо, боғу токзорҳо, васеъ намудани майдонҳо бо азхудкунии заминҳои нав, аз ҳолати фаъолияти мураттаби дастгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ вобаста аст.

Ҷиҳати таъминоти мураттаб бо оби полезӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои соҳаи обтаъминкунӣ дар ноҳия Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият дорад. Дар ҳисоби ин ташкилотҳо 34 адад истгоҳҳои обкашӣ, 55 адад чоҳҳои амудӣ, 152,5 км. шабакаҳои обёрикунандаи байнихоҷагӣ ва 450,7 км. шабакаҳои обёрикунандаи дохилихоҷагӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Бо ин мақсад, санаи 17-уми феврали соли ҷорӣ Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ бо масъулони соҳа аз рафти омодагиҳои дастгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ ва ҷараёни корҳо боздид намуданд. Дар рафти боздид сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Ботурзода Махфиралӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҳолату ҷараёни корҳо дар АНС-1, АНС-2, пойгоҳи обкашии “Ҷумҷуқҷар” ва сехи таъмирӣ диданӣ карда шуд. Дар аснои боздид Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ Ботурзода Махфиралӣ рафти корҳои омодагиро дар ҷояш шарҳ ва шиносоӣ намуд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба роҳбарият ва масъулони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дастуру супориш доданд, ки корҳои омодагӣ вусъат дода шуда, дастгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ саривақт ба мавсими нав, яъне то 1-уми март пурра омода гарданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.