Боздид аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ

 388 боздид
Нимаи дуюми рӯз роҳбарияти ноҳия аз рафти корҳои сохтмони МТМУ №25 Ҷамоати деҳоти Ашт боздид намуда, ба сохтмончиён оид ба вусъат бахшидан ба рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати дурусти кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мавриди зикр аст, ки МТМУ №25 иншооти ҷашнӣ буда, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон армуғонест ба насли ояндаи давлат.
Инчунин аз рафти корҳои сохтмони майдончаи варзишии сунъӣ, ки бо ташаббуси сокинони деҳаи Ашт ба тариқи ҳашар сохта шуда истодааст, боздид намуда, ба сокинон ба ин иқдоми созандаву ободкориашон офарин хонда, бобати бунёди босифати сохтмони майдончаи варзишӣ маслиҳатҳо дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.