Боздид аз зироатҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен

 1 024 боздид

Барои иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз ҳолати зироатҳои кишоварзии н. Спитамен дидан намуданд.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев хабар дод гуруҳи корӣ бо нашъунамои пахта дар Спитамен аз наздик шинос гардиданд.

Кишоварзони ноҳияи Ашт ва Спитамен барои ҳосили баланд гирифтан аз зироатҳои кишоварзӣ байни ҳам табодули таҷриба карданд.

Пагоҳ 25-уми июл дар назар аст, ки гуруҳи кории ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои шиносоӣ аз ҳолати зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳия ташриф оранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.