Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз роҳи навбунёди Кулихоҷа-Муломир боздид намуд.
Корҳои сохтмонии роҳ 75 дарсад иҷро шуда, танҳо дар чанд қисмати дигари он кор идома дорад.
Роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ба масъулин гуфт, ки ҷиҳати бехатарии роҳро ҳангоми сохтан ба инобат гиранд.
Сокинони деҳаи Кулихоҷа низ роҳҳои дохилии маҳалларо васеъ ва аз навсозӣ намуда истодаанд. Роҳбарияти ноҳия бо рафти корҳои ободонии сокинон низ шинос гардид.