Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Ғайрат- 1” нашъунамои пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Чуноне мушоҳида гардид, нашъунамои пахтаи хоҷагӣ хуб буда, кишоварзон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии саривақтии зироат тасмим доранд, ки аз 4 геткар пахтазор ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Боиси зикр аст, ки кишоварзон ноҳияи Ашт дар маҷмуъ 6183 гектар пахта кишт кардаанд.
Сипас, роҳбари вилоят дар Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии ба номи Т.Эрйигитови ноҳия бо ҷараёни азнавсозии фермаи чорводорӣ шинос гардид.
Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозӣ гардида, дар ҳоли ҳозир дар он беш аз 100 сар чорвои калон парвариш меёбад. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ саршумори чорво ба 200 сар расонида шуда, ҷойҳои кории иловгӣ ташкил карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ ба масъулин баҳри пурра ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани корҳо, боз ҳам афзун намудани саршумори чорво ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дастуру супоришҳо дод.