Тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба саривақт омода намудани насосҳои обкашӣ ба мавсими навбатӣ имрӯз, санаи 6 апрели соли равон, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо пеш аз ба кор андохтани насосҳои обкашӣ иловатан аз ҳамаи насосҳо дидан намуда, ба роҳбарияти идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва дигар масъулон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, супоришҳои мушаххас доданд.
Тавре маълум гардид, пойгоҳи обкашии АНС 1, 2, 3 ва пойгоҳи обкашии Чумчуқчар пурра омода буда, АНС 4 ва 5 баъд аз бартараф намудани камбудиҳо рӯзҳои наздик ба кор омода карда мешавад.