Боздиди роҳбарияти ноҳияи Ашт аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

 436 боздид

Субҳи 30 марти соли равон, бо як ҳисси баланди ватанпарастӣ як зумра мураббиён ва варзишгарони мактабҳои варзишии ноҳияи Ашт бо роҳбарии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо таҳти шиори “Ворух як порчаи қалби ман аст” ба дидорбинии мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфараи бостонӣ ташриф оварданд. Роҳбарияти ноҳия ва мураббиёну варзишгаронро дар даромадгоҳи Ҷамоати деҳоти зебоманзари Ворухзамин Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода пешвоз гирифта, ҳамроҳӣ намуданд. Баъдан роҳбарияти ноҳия ва мураббиёну варзишгарон аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнии ифтитоҳшавандаи Ҷамоати деҳоти Ворух боздид намуда, аз наздик шинос шуданд. Раиси ноҳияи Ашт ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ин сафар таассуроти баланд бардошта, ба роҳбарияти шаҳри Исфара барои истиқболи гарму самимиашон изҳори минатдорӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои некашон барору комёбӣ таманно намуданд. Дар охир мураббиёну варзишгарони ноҳия бо як овоз фараҳмандона ва ҷавонмардона омодагии худро оид ба даст ба даст, тан ба тан дар паҳлӯи мардуми сарбаланд ва родмардони Ворухи биҳиштосо истоданро расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.