Санаи 19 апрели соли равон, бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддӣ — техникии беморхонаи марказии ноҳия ва дастрасии аҳолӣ ба таҷҳизотҳои муосири тиббӣ роҳбарияти ноҳия аз утоқи дастгоҳи рентгени рақамии беморхонаи марказии ноҳи ба номи И.Ҳасанов боздид ба амал оварда, ба мутахассисони соҳа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас доданд. Бо ташаббуси роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи «Лоиҳаи таъмин намудани беморхонаи марказии ноҳия ба номи И.Ҳасанов бо таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ», бо маблағгузории сафорати Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи рентгени рақамӣ ба беморхонаи марказии ноҳия тақдим карда шуд.
Соли равон таҷҳизоти рентгени рақамӣ ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҶДММ “Медтехника плюс” дастрас карда шуда, мутахассисони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони пуртаҷриба аз Ҷумҳурии Ҳиндустон тариқи онлайн – конференсия дастгоҳро васлу насб намуданд, ки рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ мекунад.
Инчунин дар доираи ҳамин лоиҳа ду адад таҷҳизоти рентгении портативӣ ба шуъбаҳои эҳё ва осебшиносӣ ва як адад тасбитгар (сталибзатор) дастрас ва насб карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 декабри соли 2019 дар Cафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи муштараки лоиҳаи нав баргузор гардид. Созишномаро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшито ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА ба тасвиб расониданд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталиф дар саросари мамлакат амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.