Боздиди Вазири кишоварзӣ аз омодагии техникаҳои кишоварзии ноҳияи Ашт

 86 боздид

Субҳи имрӯз тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки  вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва дигар масъулини соҳа аз рафти омодагии техникаҳои кишоварзӣ, тракторҳо ва агрегатҳои кишткунанда, инчунин аз ҳолати инкишофи зардолу баъди таъсири хунукиҳои санаҳои 24-28 феврали соли равон аз боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Кӯҳсор”- и Ҷамоати деҳоти Меҳробод, “Самадов Абдуқаҳҳор”-и Ҷамоати деҳоти Шодоба ва “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Ошоба боздид намуда, маслиҳатҳои муфид оид ба нигоҳубини минбаъдаи боғҳои зардолу коркардҳои агротехникӣ ва нигоҳдошти боғҳо аз ҳашаротҳои зараррасон дода шуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳамагӣ 601 адад тракторҳои гуногунтамға новобаста аз шакли моликияташон мавҷуд буда, 489 адад омода мебошад, ки 81 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, нармкунанда 144 адад (омода 131 адад – 91%), тухмипошакҳо 81 адад (омода 75 адад – 93%), тухмипошакҳои пахта 75 адад (омода 72 адад – 96%) инчунин 8 адад тухмипошакҳои дақиқ истеҳсоли давлатҳои Чин, Туркия ва Эрон омодаи кор мебошанд.

Зикр гардид, ки ҳамаи техникаҳои кишоварзӣ бо аккумулятор, чароғҳои равшанидиҳанда ва доруқуттиҳо таъмин карда шуда, сифати таъмири техникаҳо хуб буда, танзими тухмипошакҳо аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ дуруст ба роҳ монда шудааст ва механизаторон бо либосҳои махсус таъмин карда шудаанд.

Дар охир механизаторони беҳтарин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.