Бунёди 100 км хатти об дар ноҳия

 981 боздид

Имрӯз 6-уми июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраки деҳот ва сардорони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, машварати корӣ оид ба дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт баргузор гардид.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед дар баромади худ оид ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, зикр дошт, ки мақсади асосӣ барои таҷлили бо шукуҳи ҷашни 30- солагии Истиқлолият ин бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ободу зебо ва ҷолиби диққат гардонидани маҳалҳои аҳолинишин ва маркази деҳаю ҷамоатҳо, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагӣ, мусоидат ва фароҳам овардани шароити зисти шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёди майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон, таъмири муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, кӯдакистонҳо ва роҳу купрукҳо, ташкили дӯкони ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони сардхона ва гармхонаҳо ва коргоҳҳои дӯзандагӣ  мебошад.

Инчунин дар идомаи баромадаш Маҳмудзода Ҷамшед афзӯд, ки тибқи нақшаи чорабинии ноҳиявӣ дар назар аст давоми се соли минбаъда дар ноҳия сохтмони муассисаҳои таълимӣ, хонаи саломатӣ, маркази саломатӣ, 100 км хатти об, коргоҳи коркарди санги табии, коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, сехи мебел ва бунёди 100 га боғи нав ба нақша гирифта шудааст.

Баъдан аз тарафи раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия оид ба нақшачорабинӣ ва бунёди иншоотҳое, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид дар баромади худ ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, мақдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаву раисони ҷамоату шаҳраки деҳот супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки баробари бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ноҳияи Ашт боз ҳам зеботару ободтар мегардад.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ноҳия коргоҳи коркади санги хоро, ду адад сехи дӯзандагӣ, бинои маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази табобатии эндоҷарроҳӣ ба анҷом расонида шуда, таъмири муассисаҳои таълимӣ, чароғонкунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони иншоотҳо дар ҷамоатҳо оғоз гардида, бо суръат ҷараён дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.