Бунёди майдони варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба

 797 боздид

Бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони маҳаллӣ, сокинон ва шахсои саховатманди ноҳия мақсад доранд, то дар ноҳия иншоотҳои ҷашниро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.

Тибқи иттилои Озодалӣ Шодиев, раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба, дар деҳаи Гулшан як маайдони варзишӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Зимни суҳбат Озодалӣ Шодиев афзӯд, кор дар ин майдонча аз 25 сентябри соли 2017 шуруъ шуда, то санаи 15 декбри соли ҷорӣ идома мекунад. То имрӯз қариб 80 дарсади корҳо ба итмом расидааст.

Майдони варзишӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, сокинон ва шахсони саховатманд сохта шуда истодааст.

Имрӯз, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, аз рафти кор дар ин майдони варзишӣ дидан намуд.

Ёдовар мешавем, ки майдони варзишӣ ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дарозиаш 120 ва бараш 70 метрро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, аз санаи 16 декабр дар ин майдони варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” мусобиқаи футбол гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.