Бунёди варзишгоҳи сунъӣ дар Ашт

 2 526 боздид

Нимаи дуюми рӯзи 15 майи соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз  Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки дар он ҷо майдони варзишии сунъӣ барои футбол бунёд мегардад, дидан намуд.

Варзишгоҳи сунъӣ барои футбол дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод  бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Тавре Насридин Урунов соҳибкори маҳаллӣ иттилоъ дод, майдони варзишӣ бо маблағи 120  ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар майдони варзишӣ аз санаи 23 апрели соли равон оғоз гардида, то имрӯз барои корҳои сохтмонии он 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Мавриди зикр аст, ки майдони варзишӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, дарозиаш 42 метр ва бараш 22 метрро ташкил медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.