Бунёди хонаи саломатӣ дар деҳаи Даҳана

 764 боздид

Имрӯз, 30 уми августи соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз хонаи саломатӣ, ки дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мавриди истифода қарор мегирад, дидан намуд.

Тавре Шуҳрат Имомназаров менеҷери КАТС-и ноҳия иттилоъ дод, Хонаи саломатии мазкур бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ аз соли 2016 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 43 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хонаи саломатӣ доро 4 ҳуҷра буда, дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.