Чанд макри дигари хоинони миллат

 774 боздид

Ба назар мерасад, ки як гурӯҳ бадбинони миллати мо душманони ваҳдату ҳамдилии сокинони мамлакат бо ном  “Паймони миллии Тоҷикистон” рӯз аз рӯз бо дасисаҳои нав ба нав мехоҳанд амнияти ҷамъиятиро халалдор карда бошанд. Ба назари онҳо мақсад аз ин дасисабозиҳои зиёд, ин мақом ва мартабаи Тоҷикистонро паст кардан дар арсаи байналмиллал мебошад. Пайгирии онҳо, ки бештар ба масоили пӯшидани ҳиҷоб аст, бо ин роҳ мехоҳанд боз як зина барои расидан ба ҳадафи хеш мубориза баранд. Аммо ин амали эшон, ки аз пастфитрат будани онҳо далолат медиҳад, барои расидан ба мақсади худ як зина боло рафта натавониста балки то метавонанд ба умқи дурӯғ ва буҳтон фурӯ мераванд. Ба қавле “як қадам ба пеш ду қадам ба қафо”. Ҳар нафаре, ки худро чун инсони комил мешуморад, на ба сурат балки ба сирати инсон баҳо медиҳад. Бовиҷдонӣ, имони мустаҳкам, адолатнокӣ, ростқавлӣ, накӯкорӣ, аз ҷумлаи хулқи ҳамидаи инсонӣ аст, на ҳиҷобпӯшиву тақлид ба либоспӯшии аврупоӣ.

Имрӯз замони он расидааст, ки мо бояд аз зинаи суратпарастӣ ба зинаи сиратпарастӣ гузарем. Агар мо дӯстдори Ватани азизамон бошем, дӯстдории худро на бо низоъ ва барангехтани кинаву адоват ва зоҳирпарастӣ нишон диҳем, балки дар амал бо ростқавливу софдилона дар розҳи Ватан хизмат намоем, ҳатто агар лозим бошад ҷони худро барои Ватан супурда бошем.

Онҳое, ки имрӯз худро чун паноҳандаи сиёсӣ мегиранд ва дар зери болу пари хоҷагони хориҷиашон нишаставу ба ҷосусӣ ва паст кардани нуфуи кишвари азизамон ҳастанд ва дар зери ниқоби ислом ба корҳои пасту амалҳои номатлуб даст зада истодаанд. Ҳамагон шоҳиди он гаштаанд, ки чанд тан аз ҳампешагони ин хоинон, зери ҳиҷоб ба чӣ корҳои паст даст задаанду то ҳол ин амали худро анҷом дода истодаанд.

Тавре Саъдии бузургвор фармудааст:

Тани одами шариф аст ба чони одамият,
На хамин либоси зебост нишони одамият!

Агар одами ба чашм асту дахону гушу бинй,
Чй миёни накши девору миёни одамият!

Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби шайх Саъдии Шерозӣ аст. Чун байтҳои боло шаҳодат аз он медиҳад, ки бештар на ба зоҳир балки ба ботин таваҷҷуҳи беҳӯштар диҳем.

Дар идомаи ин ғазал Саъдии Шерозӣ мегӯяд

Ба хакикат одами бошу гарна мург бошад,
Ки хамин сухан бигуяд ба забони одамият.

Бо хитоб ба онҳое, ки дар зери болу пари хоҷагони хориҷиашон нишаставу ба тинҷуву оромии ватанамон санг меандозанд гуфтаниам, ки  агар як зарра нишони ҷавонмардӣ дар вуҷуди Шумо нуҳуфтааст ва мехоҳед насли ояндаи Шумо ифтихор кунад, ки чун Шумо падару модари дилсӯз ва  муҳим аз ҳама Ватани тинҷу ором ва зиндагии осуда дошта бошад, пас аз ин амали ношоистаи худ даст кашед ва дигар ҷосусиву дурӯғгуиро БАС кунед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.