Чаро куштори ваҳшиёнаи сайёҳон дар нишасти САҲА баррасӣ намешавад?

 454 боздид

Ё худ чаро аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз ҷиноятҳои содиркардаашон лаб во намекунанду дар ҳама нишастҳои САҲА масъалаи чанд ҳамтои террористи зиндонияшонро ба миён мегузоранд?
Ҳамтоёнатон низ албатта, мисли шумо бо ҷурми хиёнат ба Модар-Ватан паси панҷара рафтанд. Хиёнаткори Ватан бояд сазо гирад ва азоби ҷинояту хиёнати ба Ватан кардаашро худаш диҳад! Зиндон ҷои истироҳат нест, ҷои ислоҳи хатост!
Шумо ташкилкунандагони ташкилоти нави террористии паймони миллӣ агар гуноҳ надоштед, пас чаро дар Ватан неву дар хориҷа лаб во мекунед? Даъвои бегуноҳӣ мекунед, бегуноҳиятонро собит карда метавонед? Албатта, ки не! Ҳама медонад, шумо маҷбуран зану фарзандонатон ва хешону пайвандонатонро сатру аврат кунондед! Бо ин савила мехостед Тоҷикистонро давлати исломӣ кунеду маҷбуран мардумро сатру ҳиҷоб пӯшонед. Аммо мардму аллакай медонанд, ки шумо кистеду чӣ мехоҳед? Ҷомеаи тозаи кишвари азизи моро бо либоси сиёҳи бисёр нохушоянд олуда намуда, пайравони ташкилотатонро бо баҳонаи додани пул зиёд сохтед. Магар ин ҷиноят нест? Албатта, ҷиноят аст.
Баҳори соли гузашта низ, пайравони ваҳшии шумо сайёҳони бегуноҳи хориҷиро даҳшатвор куштанд. Ба хуни рехтаи сайёҳон боядам шумо террористон дар конфронсияи САҲА ҷавоб гӯед, аммо чаро ин корро намекунед? Барои он, ки аз нишасти САҲА шармандавор ба ҳабси умрбод меравед. Сазои шумо, ки ба рехтани хуни чандин инсони бегуноҳ ва фирефта намудани падари кӯдакони маъсум сабаб шудаед, ҳабси умрбод аст!
М. Кабирӣ ва пайравонаш, ҳамчунин аъзоёни давлати террористии бо ном “Давлати исломӣ”, ки аксар пайравони маҳбасияш дар кишвар аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ мебошанд, онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун инсонҳои ваҳшӣ шиносанд. Бо ҷурми қатли сайёҳони хориҷӣ, ки аҳдофи наҳзатиён сиёҳ нишон додани Тоҷикистон ба хориҷиён буд, бояд имрӯз чашми хориҷиёнро боз намояд. Шаҳрвандони шуморо на тоҷикони меҳмоннавозу инсондӯст куштанд, балки ҳамон террористоне, ки шумо дар бағалатон ҷой додаед, онҳо куштанд! Вақти он расидааст, ки чеҳраи террористро ҷомеаи ҷаҳон бишносад!
Саодат Исмоилӣ,
котиби матбуотии Раиси н. Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.