Чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

 1 959 боздид

Имрӯз, 20 апрел дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдон чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.

Нахуст Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт сухан гуфта қайд кард: «Барои амалӣ намудани иқдоми наҷиби Пешвои миллат «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» ва инчунин барномаи вилоятии соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» МИҲД-и ноҳия ва кормандони қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Ашт дар доираи салоҳияти худ, омодагии ҷиддӣ гирифта барои таъмини аҳолии маркази ноҳия шаҳраки Шайдон ва маҳалҳои нави аҳолинишин бо оби тозаи нӯшокӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд».

Баъдан Файзуллозода Заробиддин Қудрат зимни суханронӣ иброз дошт: «Бо иқдоми  раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2017 «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардид. Тибқи барномаи қабулгардида, дар ҳама маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оби тозаи нӯшокӣ соли ҷорӣ дастрас карда мешавад. Мо муайян намудем, ки дар вилоят аҳолии 280 деҳа аз набудани оби тозаи нӯшокӣ  танқисӣ  мекашанд».

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 170 ҳазор сомонӣ буда, аз ҳисоби корхонаи фаръии минтақавии №1 155 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 15 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дарозии чоҳи амудӣ 80 метрро фаро гирифта, тавоноии он дар як соат 160 м3 обро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳ боз 400 хоҷагии дигар ва беш аз 6 ҳазор аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Сайидои ШОДӢ,

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.