Чорабинии иттилоотию маърифатӣ дар ноҳияи Ашт

 1 055 боздид

Имрӯз, 20 июли соли ҷорӣ дар чойхонаи миллии ноҳияи Ашт чорабинии иттилоотию маърифатӣ таҳти унвони “Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Шарҳи умумии даврӣ барои солҳои 2017-2020” бо иштироки намояндаи Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мушовири миллии Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Суҳроб Шоев, сардори шуъбаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Нурализода, професори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов, аъзои гурӯҳи мониторингӣ Ҷафар Юлдошев, роҳбарон ва кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, комиссари Комиссарияти ҳарбӣ, мудирони шуъбаи маориф, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, тандурустӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сармутахассис-котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдак иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ зикр дошт, ки чорабинии иттилоотию маърифатӣ тибқи нақшаи кории Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, таҳти рақами АП-901 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ мегардад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинии иттилоотӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор арзёбӣ гардид.

Инчунин дар чорабинӣ Зариф Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мақоми Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ ва Шарҳи универсалии даврӣ дар низоми ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Суҳроб Шоев мушовири миллии Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, дар мавзӯи  “Аҳамияти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ҷаҳони муосир”, Шамс Нурализода сардори шуъбаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон доир ба Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон барои солҳои  2017-2020”,  Тақдиршо Шарипов професори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзуъи “Фаъолияти гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба пешбурди ратификатсияи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа”, Ҷафар Юлдошев аъзои гурӯҳи мониторингӣ, дар мавзӯи “Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ”, маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  пеш аз қабули Эъломияи ҳуқуқи башар кумитаи Ассамблеяи генералӣ дар давоми се моҳ 85 ҷаласа баргузор кард, ҳар як банди лоиҳаи Эъломия ба ҳисоби умумӣ 1400 маротиба ба овоз гузошта шуданд. Ба ҳамин тартиб дар иҷлосияи 183 юми Ассамблеяи генералӣ 10 декабри соли 1948 «Эъломия дар бораи ҳуқуқи инсон» қабул гардид. Аз 56 кишвари дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ 48 кишвар ба тарафдории Эъломия овоз дода, 8 кишвар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд, ки дар қатори онҳо Белоруссия, Украина, Арабистони Саудӣ, Югославия, Полша, Иттиҳоди Африкои Ҷанубӣ буданд.

Мавриди зикр аст, ки 4 декабри соли 1950 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид 10 декабрро ба хотири он ки маҳз, дар ҳамин рӯз (соли 1948) Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар қабул гардида буд, расман ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи башар эълон карда, аз тамоми кишварҳо ва созмонҳои марбута даъват ба амал овард, то ҳамасола ин санаро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи башар ҷашн бигиранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.